Главные вкладки
Сафоева Бибиаслия, лаборанти шуъбаи этнология ва антропологияи
таърихии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
АНЪАНАҲОИ СУМАНАКПАЗӢ - ТАРАННУМГАРИ ВАҲДАТ ВА ХАЙРХОҲӢ
“Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз идҳои қадимаи мардуми Осиёи Марказӣ буда, эҷодкунанда ва ташаккулдиҳандаи ин ид кишоварзон ба ҳисоб мераванд. Миллати тоҷик яке аз халқиятҳои қадимаи Осиёи Миёна ба шумор рафта, бо кишоварзӣ аз қадим то ба имрӯз машғул мебошад. Наврӯзро аҷдодони тоҷикон ҳамчун ҷашни соли нав ва оғози кори деҳқонон, бо як шукуҳу шаҳомати хоса аз дарбори подшоҳон сар карда то ба шаҳру деҳот ва рустоҳои кӯҳистонӣ таҷлил мекарданд. Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз низ мақоми хосаи худро пайдо кард. Бо пешниҳод ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз аз 23-уми феврали соли 2010 мақоми байналмилалиро гирифта, умумиҷаҳонӣ эълон гардид ва ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ид бо иштироки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ин иди баҳорро гузаштагони миллати тоҷик бо анъанҳои гуногун ҷашн мегирифтанд, ки то ба ҳанӯз ҳам идома дорад. Яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз ин омода намудани таомҳои наврӯзӣ мебошад. Ки ин таомҳо пурра аз маҳсулотҳои гандумӣ, ки дастранҷи кишоварзон аст, омода карда мешуданд ва то имрӯз ин анъана идома дорад.
Таомҳои маъмултарини ҷашни Наврӯз суманак, гандумкӯча, оши бурида мебошанд.
Суманак - ин таоми баҳорӣ мебошад, ки таоми махсус буда, ба гурӯҳи таомҳои бо ҳарфи син оғоз шавандаи хони наврӯзӣ, яъне «7-син» дохил мешавад. Суманак асосан аз шираи сабзаи гандум омода мешавад. Ин таомро дар хона бо як нозукӣ омода менамоянд. Вай ба худ хусусиятҳои махсуси омодашавиро дорад ва шахси суманакро омода мекардагӣ ин хусусиятҳоро ҳатман бояд риоя намоянд. Боварӣ ҳаст, ки дар ҳолати риоя накардани ин талаботҳо, суманак бо таъму ранги махсус омода намегардад.
Яъне ин хӯрок гарчанде дар назар оддӣ намояд ҳам, аммо бо тарзу давраҳои омодашавияш аз дигар таомҳои баҳорӣ фарқи калон дорад. Шахсе, ки суманакро пухтанӣ аст, бояд ғам надошта бошад, яъне суманак аз оғоз то пухта шуданаш фазои тозаю хурсандиро талаб мекунад. Таъм ва ранги суманак ба рухияи шахси сабзагузору суманакпаз вобастагӣ дорад. Шахси суманакпаз як моҳ пеш аз Наврӯз бо нияти нек омадани сол, кушода шудани бахти фарзандонаш ё аъзоёни оилааш сабза мегузорад.
Омода шудани суманак якчанд давраро дарбар мегирад. Давраи аввал ин омода намудани сабзаи суманак: пеш аз ҳама шахси суманакро мепухтагӣ тақрибан аз якуми март гандумро тоза карда ва шуста дар зарфи калон гирифта, об рехта болояшро бо матои сафед мепӯшонад, то ба дохили ин зарф ягон чизи нопок наафтад. Гандум бояд дар дохили об се шабонарӯз истад ва дар ин давра обро ҳар рӯз иваз мекунанд. Зеро дар акси ҳол оби куҳна гандумро бӯйнок намуда пӯсонданаш мумкин аст. Вақте, ки гандуми дар дохили об монда неш баровард, онро гирифта дар табақҳои чӯбин ё лаълиҳои сафолин тунук мекунанд. Баландии гандум дар лаълӣ бояд 5 ё 10 см бошад ва ин лаълиҳоро дар хонаи махсуси ҳавояш тоза мегузоранд. Ба болои лаълиҳои пурри гандум ҳар рӯз об мепошанд, дар рӯзҳои боронӣ бошад аз хона ба берун мебароранд, то аз борон оби тоза хӯраду зудтар сабзад.
Дар давраи дуюм, баъди сабзидани гандум, се ё чор зан ҷамъ шуда, сабзаро аз лаълиҳо гирифта ва реза карда, дар гузашта бо уғурак, ҳоло бо гуштқиммакунак майда карда, баъдан ҷаббида шираашро ҷудо мекунанд, ки ба мисли шир сафед мебошад.
Давраи сеюм шираи аз сабза ҷудокардаро бо орд ҳамроҳ карда ба дег рехта, барои ба таги дег начаспидани он 7 санги майдаи дарёӣ ё дар баъзе ҷойҳо чормағзро ба дег метартоянд.
Давраи чорум - ин оташи начандон баланд гирондану банавбат кофтани дег аз ҷониби занҳои оила мебошад. Агар оила хурд бошаду дар он занҳои кадбону кам бошанд, дар ин ҳолат дар баъзе минтақаҳо занҳои хешовандон, дар бисёри минтақаҳо занҳои ҳасоя ҷамъ омада банавбат дегро мекобанд, то ки таги дег нагирад, яъне таги дег насӯзад. Дар ин давра, ки як рӯзи дароз то шабро дарбар мегирад, занҳои ҷамъ омада шеъру сурудхонӣ мекунанд, то руҳияашон шод шавад. Чунки суманак дар руҳияи шодмонӣ бо таъму лаззати хосаи худ омода мешавад. Бештар суруд дар васфи худи суманак, яъне “Суманак дар ҷӯш”, ки дар миёни мардуми тоҷик машҳур аст, хонда мешавад.
Аз ҳама хусусияти нозуки суманакпазӣ он аст, ки ҳангоми шираи суманакро аз сабза ҷудо намудан бояд ягон шахси бегона ё ғамдор дар он муҳити суманакпазӣ набошад. Дар ҳолати риоя накардани он суманак бо рангу таъми худаш омода намешавад. Дар миёни мардуми тоҷик ин ҳолатро “ба пайшуд” меноманд. Фарқияти ниҳоӣ ин таъму ранги махсуси суманак мебошад. Барои он, ки суманак бо рангу таъми махсус омода шавад, қоидаҳои дар боло зикршударо риоя намудан лозим аст.
Суманак чун таоми баҳорӣ дар минтақаҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон бо фаро расидани фасли баҳор ба тарзҳои гуногун омода карда мешавад. Вобаста ба тарзи пухта шуданаш номи иловагӣ мегирад: агар дар дег пухта шавад, «Суманаки дегӣ» номида мешавад. Ҳангоми дар дегдон (танӯр) омода шудан номи «Суманаки дегдонӣ»-ро мегирад.
Дар базъе минтақаҳо “Суманаки таги аловӣ” ва «Суманаки чаҳлакӣ» номида мешавад, ҳангоми шираи сабзаро гирифтан бо орду каме равған мисли хамир шӯрида шуда, онро дар хурма ё дег гирифта дар дохили дегдон (чаҳлак) мегузоранд, ки то саҳар меистад. Субҳ онро аз даруни танӯр мегиранд. Он аз суманаки дегӣ фарқ дорад ва онро на бо қошуқи чӯбин, балки бо корд мебуранд ва дар лаълиҳо гирифта мехӯранду ба дигарон равона мекунанд.
Хулоса суманакпазӣ яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ мебошад, ки дар он одамон бо як руҳияи хушҳолӣ, дӯстонаву якдилона ва идона ба ҳам омада ин таоми соли нави аҷдодии хешро омода мекунанд ва бо нияти нек омадани сол аз он мехӯранду ба хешону ҳамсоягон низ ин таомро тақсим мекунанд. Ба миқдори кам бошад, инро “Аз меваи баҳорӣ чашидан” мегӯянд, рамзӣ ба шахси аз ин таом чашанда аз нек омадани сол паём медиҳад ва дар он лаҳза нияти нек омадани сол ва ба соли оянда бо тани сиҳат расиданро орзу мекунанд. Ҳангоми ба хони наврӯзӣ гузоштани суманак меҳмонон бо ангушти даст се маротиба аз он тановул мекунанд.